Чин дар шаш моҳи охир бори аввал дар як шабонарӯз беш аз 20 ҳазор ҳолати нави COVID-19-ро сабт намуд

Ноябрь 17, 2022 10:31

ДУШАНБЕ, 17.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Чин бори аввал дар ним соли охир шабонарӯзи гузашта беш аз 20 ҳазор ҳолати нави сирояти коронавирусро сабт карданд.  Тавре  АМИТ «Ховар»  бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе, 16 ноябр Кумитаи давлатӣ оид ба масоили гигиена ва тандурустии Ҷумҳурии Мардумии Чин хабар додааст.

Ҳамин тавр, аз маълумоти расмӣ бармеояд, ки давоми як ҳафта сатҳи  беморӣ дар кишвар қариб 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст. Дар маҷмӯъ дар муассисаҳои тиббии Чин дар айни замон 136 844 сироятёфтагон  (бо шумули беморони беаломат) ҳастанд, ки нисбат ба як моҳи пеш  шаш маротиба зиёд аст.

Аксари онҳое, ки моҳҳои охир дар Чин сироят шудаанд, аломати беморӣ надоранд. Онҳо тақрибан 88% ҳамаи беморони гирифтори ковидро ташкил медиҳанд, ки дар кишвар таҳти назорати пизишкон қарор доранд. Дар аввали моҳи январ ин нишондиҳанда ҳамагӣ 15% буд.

Миёни минтақаҳои Чин вазъияти мушкилтарини эпидемӣ дар музофоти ҷанубии Гуандун ба қайд гирифта шудааст, ки тақрибан 27% сироятёфтагон дар он ҷойгиранд. Пас аз он музофоти марказии Хэнан ва вилояти мухтори Муғулистони Дохилӣ (шимол) қарор доранд. Паҳншавии вирус дар саросари манотиқи кишвар идома дорад.

Ҳукумати Чин сиёсати «таҳаммули сифрӣ»-ро нисбат ба COVID-19 идома медиҳад. Бо вуҷуди ин, ба стратегияи давлатии муқовимат ба коронавирус имсол тағйироти ҷиддӣ ворид ва он чандиртар шудааст. Пеш аз ҳама, ин  ба карантин ва канорагирӣ таъсир расонидааст — ҳоло талабот нисбат ба як соли  қабл нармтар аст. Дар Чин беш аз 9,4 ҳазор маҳаллаҳои истиқоматӣ мавҷуданд ва хатари сироятёбӣ хеле зиёд ва нисбат ба аввали моҳи ноябр ду маротиба бештар мебошад.

АКС: тасвир: storage.myseldon.com

Ноябрь 17, 2022 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ шуданд
Дар маркази ташхисию табобатии «Луқмони Ҳаким-2014» 40 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ дар Тошканд иштирок намуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб синфхона-озмоишгоҳҳои муосир ба истифода дода шуданд
КАСБОМӮЗӢ — РОҲИ РАСИДАН БА ШУҒЛИ УСТУВОР. Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир беш аз 44 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифт
Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»