Дабири кулли СММ бар он назар аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар буҳрон қарор дорад

Ноябрь 23, 2022 10:35

ДУШАНБЕ, 23.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сабаби низоъҳо, афзоиши нобаробарии ҷаҳонӣ, паҳншавии маълумоти бардурӯғ ва суханпардозие, ки ба барангехтани адоват нигаронида шудааст, дар буҳрон қарор дорад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти СММ хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи сешанбе Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш зимни суханронӣ дар Анҷумани ҷаҳонии Иттиҳоди тамаддунҳо изҳори назар кард.

«Агар мо имрӯз ба ҷаҳон назар андозем, мебинем, ки ҷаҳон дар буҳрон аст. Қувваҳои ихтилоф ва адоват миёни сарватманд ва камбизоат, Шимоли ҷаҳонӣ ва Ҷануби ҷаҳонӣ, кишварҳои пешрафта ва иқтисодҳои дар ҳоли рушд васеъ мешаванд. Танишҳои геополитикӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ афзоиш меёбанд»,-гуфт дабири кул.

Гутерриш зикр кард, ки муноқишаҳо, аз ҷумла дар Украина ҳаёт ва некӯаҳволии кишварҳоро хароб мекунанд. «Буҳроне, ки бо арзиши зиндагӣ тавъам аст, ба осебпазиртаринҳо зарбаи сахт зад. Эътимод ба ҳамдигар ва ба раҳбарони сиёсӣ пора-пора шуд»,- афзуд ӯ.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба мушкилоти таъмини ҳуқуқи башар, паҳншавии маълумоти бардурӯғ, суханони бадбинӣ ва ҳамчунин хушунат алайҳи занон ишора кард.

Гутерриш ҳамчунин ба мушкилоте, ки бар асари тағйирёбии иқлим ба вуҷуд омадааст, таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Акс: СММ

Ноябрь 23, 2022 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид