Дар ДДҲБСТ ғолибони озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсия» қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 05.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони озмунҳои «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва иншои беҳтарин дар мавзӯи «Конститутсия – бахтномаи миллат» бо «Диплом»-у «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравии раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) қадршиносӣ карда шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ДДҲБСТ хабар медиҳад.
4 ноябр дар Донишгоҳи мазкур бахшида ба Рӯзи Конститутсия Конференсияи илмӣ таҳти унвони «Конститутсия – санади тақдирсози миллат» баргузор гардид.
«Таҷлили бистуҳаштумин солгарди Конститутсия, ки шоҳсутун ва бахтномаи давлати Тоҷикистон ва давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад, барои ҳар як шаҳрванди кишвар рӯйдоди воқеан таърихӣ ва тақдирсоз мебошад», -иброз дошт Ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода.
Тазаккур дода шуд, ки мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 28 сол муқаддам аввалин маротиба имконияти таърихӣ ва ҳуқуқии қабули бевоситаи санади волои миллии худро амалӣ сохта, ба шарофати он пойдевори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро таҳким бахшид ва имрӯз мардуми Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шохаҳои ин давлатро рӯз ба рӯз мустаҳкам менамояд.


Дар идома, як зумра коршиносону ҳуқуқшиносон ва устодони донишгоҳ — декани факултети ҳуқуқшиносӣ Шероз Тоҷибоев дар мавзӯи «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-поягузори қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол», дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ Зарина Раҳматова таҳти унвони «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-заминаи рушди давлатдории миллӣ” ва донишҷӯи соли сеюми риштаи ҳуқуқшиносӣ Самандар Нормуродов дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-санади кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» маърӯза намуданд.
Иброз гардид, ки Конститутсия, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони мамлакат ба таври возеҳ инъикос гардидаанд.
Акс: ДДҲБСТ








Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид






