Дар Душанбе 2 984 иншоот бо энергияи гармӣ таъмин гардид

Ноябрь 19, 2022 10:25

ДУШАНБЕ, 19.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» тибқи нақша дар мавсими зимистони имсола бо гармӣ таъмин намудани 3000 иншоотро ба нақша гирифтааст, ки нисбат ба соли гузашта 219 адад зиёд мебошад. То аввали моҳи ноябри соли равон ба 2 984 иншоот, аз ҷумла, дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ба 544 иншоот, Шоҳмансур 658, Сино 1346 ва Фирдавсии пойтахт ба 452 иншоот энергияи гармӣ интиқол дода шудааст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Муассисаи давлатии «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» хабар медиҳад.

Масъулин иброз доштанд, ки нархҳои хизматрасонии гармидиҳӣ дар мавсими имсола тағйир наёфтаанд. Мувофиқи қонунҳои амалкунанда, сарҳади Муассисаи мазкур то таҷҳизоти гармитақсимкунии бино (элеватор) муайян шудааст. Тамоми шабакаҳои баъди элеватор ҷойгиршуда (шабакаҳои таҳхонаи бино, лӯлаҳо ва шабакаҳои дохили ҳуҷра) аз ҷониби соҳибмулкони манзил таъмир, барқарор ва нигоҳубин мешаванд.

«Бо назардошти ин, сокинони биноҳо бояд дар ин раванд масъулият эҳсос намуда, бепарвоӣ ва хунукназарӣ накунанд, зеро дар акси ҳол дар ин давра барои кормандони Муассиса ва худи сокинон низ мушкилӣ эҷод мегардад»,-таъкид намуданд масъулини Муассиса.

Дар Муассисаи мазкур имрӯзҳо хадамоти танзимгарии садамавии шабонарӯзӣ амал карда, он аз ҳисоби кормандони роҳбарикунанда навбатдорӣ ташкил гардидааст. Айни ҳол дар тамоми минтақаҳои пойтахт гурӯҳҳои батанзимдарории реҷаи интиқоли гармӣ фаъолият менамоянд ва чорабиниҳо оид ба пайваст кардани иншооти дигар ва иҷрои корҳои ба танзим даровардани реҷаи гармидиҳӣ идома доранд.

Масъулони соҳа тазаккур доданд, ки барои бо гармӣ таъмин намудани иншоотҳои навсохташудаи пойтахт низ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бо назардошти ин, дар мавсими имсола дар ноҳияҳои Сино 41 иншоот, Шоҳмансур 145, Исмоили Сомонӣ 26, Фирдавсӣ 5 иншооти нав бо гармӣ таъмин хоҳад шуд.

Хотиррасон менамоем, ки имсол дар Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-1» 7 адад дегҳои боло, 4 турбоагрегат ва 12 васлкунаки равғанӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шудаанд. Дар дегхонаи ғарбӣ 3 адад деги обгармкунӣ ва дар дегхонаи шарқӣ 2 адад деги обгармкунӣ пурра таъмир гардида, тамоми таҷҳизот омодаи кор мебошанд.

Ҳамасола дар фасли зимистон истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе зиёда аз ду баробар афзоиш ёфта, пойтахт ба истеъмолкунандаи азими неру табдил меёбад. Дар ин замина, ҳангоми истифодаи гармии дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсолшуда дар пойтахт неруи барқ сарфа мегардад, ки ин ба таъминоти барқ дар сар то сари кишвар манфиатбахш аст.

Дар Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе барои мавсими кории зимистони имсола захираи ангишт то моҳи октябри соли равон 891 ҳазор тонна ва мазути камсулфур зиёда аз 24 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

АКС: манбаъҳои боз

Ноябрь 19, 2022 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Фарҳод Раҳимӣ: «Рушди шаҳри Душанбе дар замони муосир ва нақши Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаклгирии фазои иҷтимоӣ ва маънавӣ»
ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ «САБЗ». Дар пойтахт давоми 9 соли охир зиёда аз 130 миллион дона гули мавсимию бисёрсола шинонида шудааст
НАҚШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАШАККУЛИ СИМОИ НАВИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Пагоҳ дар Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД ВА БЕХАТАР. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил мегардад