Дар Душанбе Форуми намояндагони кумитаҳои дахлдори парлумони кишварҳои аъзои Гурӯҳи Авруосиёӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи 37-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиёӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) аввалин Форуми намояндагони парлумони кишварҳои аъзои ГАО баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА.
Дар форум роҳбарону намояндагони кумитаҳои дахлдори парлумон, кумитаҳо ва комиссияҳои байниидоравӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин воҳидҳои кашшофии молиявии давлатҳои узви ГАО ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни форум иштирокчиён азми худро ҷиҳати такмили қонунгузории миллии кишварҳояшон бо мақсади татбиқи самараноки талаботи стандартҳои байналмилалӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом изҳор намуданд.


Ҳамзамон бо ин иштирокчиёни форум нақши ҳалкунандаи мақомоти қонунгузорро дар танзими муносибатҳои ҷамъиятиву ҳуқуқӣ иброз намуда, хоҳиши таҳкими низомҳои миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризмро тавассути таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъкид намуданд.
Бо мақсади ҳамкории минбаъда, табодули таҷриба ва таҷрибаи пешқадам оид ба татбиқи стратегияҳои миллӣ ва қабули санадҳои қонунгузорӣ оид ба мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб иштирокчиёни форум ташаббуси идомаи кори муштаракро дар чунин сатҳи бисёрҷониба ба таври мунтазам дастгирӣ намуданд.


ГАО яке аз гурӯҳҳои минтақавӣ ба монанди Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии зидди пулшӯӣ, яъне ФАТФ буда, соли 2004 таъсис ёфтааст.
Мақсади асосии гурӯҳи мазкур мусоидат ба таҳкими низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар кишварҳои аъзо ва минтақа буда, нуҳ давлат: Россия, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Чин ва Ҳиндустон ба он шомил мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»









Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






