Дар Душанбе Мактаби химикҳои давлатҳои узви ИДМ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 23.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 то 29 ноябр дар Душанбе Мактаби химикҳои давлатҳои узви ИДМ баргузор мешавад, ки дар он беш аз 40 нафар олимону муҳаққиқони ҷавони соҳаи химияи органикӣ аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Россия, Узбекистон иштирок мекунанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Иштирокдорони мактаб усулҳои нави синтез ва равишҳои консептуалии вобаста ба хосиятҳои физикию химиявӣ ва татбиқи амалии пайвастагиҳои органикиро муҳокима мекунанд. Ба барномаи мактаб лексияҳои химикҳои пешқадам, маърӯзаю рӯнамоӣ ва суҳбатҳои «мизи мудаввар» шомиланд.
Иштирокдорони мактаб метавонанд натиҷаҳои лоиҳаҳои илмии худро муаррифӣ намуда, бо комёбиҳои навтарини соҳаи химия шинос шаванд, инчунин аз барномаҳои таълимии Институти химияи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон огоҳ гарданд.
Мактаб барои ташкили фазои ягонаи илмӣ ва таълимӣ пешбинӣ шуда, бояд муҳаққиқони давлатҳои ИДМ-ро ки дар соҳаи химияи органикӣ кор мекунанд, муттаҳид кунад.
Ташкилкунандаи барномаи омӯзишӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои узви ИДМ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 31 январи соли 2020 солҳои 2020-2040 дар Тоҷикистон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудаанд.
ДАР АКС: Институти химияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Акси АМИТ «Ховар»








Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






