Дар Эрон 30 адад китобҳои адибони Тоҷикистон нашр мегарданд
ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик 30 адад китобҳои адибони Тоҷикистон дар Эрон нашр мегарданд. Ин матлаб 1 ноябр зимни баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баён гардид.
Тавре корманди маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат Марям Холиқзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, зимни ҳамоиш маҳфили шеъри шоирони Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид, ки дар он ҳайати рӯзҳо ва аҳли фарҳанги тоҷик иштирок намуданд.
Дар маҳфил инчунин китобҳои шоирони тоҷик, ки дар Эрон чоп шудаанд, рӯнамоӣ гардиданд.
Инчунин дар Кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе намоиши филмҳои синамогарони Эрон шурӯъ гардид, ки то 5 ноябр идома меёбад.
1 ноябр филми коргардони эронӣ Баҳром Таваккулӣ таҳти унвони «Тахтӣ» намоиш дода шуд.
2 ноябр, соати 16:00 филми «Ремотизми Имод ва Турбо»-и коргардон Кова Сабботнажод ва 5 ноябр, соати 10:00 филми «Роҳи обии абрешим»-и коргардон Муҳаммад Бузургниё манзури тамошобинон гардонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 31 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд, ки то 6 ноябр идома меёбанд.
АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ








«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик






