Дар Қирғизистон бинои парлумон оташ гирифт

Ноябрь 26, 2022 12:27

ДУШАНБЕ, 26.11.2022 /АМИТ «Ховар/. Дар бинои парлумони Қирғизистон сӯхтор ба амал омад ва тахлияи кормандон шурӯъ шуд. Тавре АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, дар ин бора хабаргузории «Интерфакс» бо истинод ба кормандони парлумони Қирғизистон иттилоъ додааст.

«Тибқи маълумоти қаблӣ, сӯхтор дар таҳхона рух додааст», — гуфт намояндаи парлумон.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон хабар додааст, ки дар ҷои ҳодиса шаш гурӯҳи оташнишонӣ кор мекунанд, зеро бинои парлумон иншооти стратегӣ маҳсуб мешавад.

Дар бораи қурбониён маълумот нест.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 26, 2022 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш