Дар Исфара бунёду барқарорсозии манзилҳои дар натиҷаи муноқишаҳои сарҳадӣ харобшуда босуръат идома дорад
СУҒД, 04.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бунёду барқарорсозии манзилҳои дар натиҷаи муноқишаҳои сарҳадӣ харобшудаи сокинони шаҳри Исфараи вилояти Суғд босуръат идома дорад.
Тавре сардори шуъбаи сохтмони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Маъруф Муҳаммадзода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар дод, дар 7 ҷамоати шаҳри Исфара, ки аз муноқишаҳои сарҳадӣ хароб гардида буданд, корҳои сохтмонӣ дар манзилҳои истиқоматии сокинон босуръат идома дошта, онҳо 10 ноябр ба аҳолии осебдида супорида мешаванд.
Чанде пеш Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъҳо шинос шуда, чиҳати ҳарчи зудтар ва босифат ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин супоришҳо дод.
Ёдовар бояд шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзилҳои харобшудаву зарардида то моҳи ноябр бояд пурра омода шуда, сокинон вориди хонаҳои худ шаванд.
Саъдулло МАҲКАМОВ,
АМИТ «Ховар»
АКС: шуъбаи сохтмони МИҲД вилояти Суғд










«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд






