Дар Исфара оид ба «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунати гендерӣ» маъракаи иттилоотӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Тоҷикистон аз 25 ноябр то 10 декабр маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунати гендерӣ» гузаронида мешавад. Чунин маърака дар шаҳри Исфара низ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.
Маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунати гендерӣ» ба пешгирӣ ва бартараф намудани ҳама гуна маҳдудкуниҳо нисбат ба занон равона карда шудааст.
Муовини Раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиён зимни ифтитоҳи маъракаи иттилоотӣ гуфт, ки дар ҷаҳони муосир зӯроварӣ дар оила зуҳуроти паҳнгашта буда, бартараф намудани он масъалаи муҳими иҷтимоӣ арзёбӣ мегардад.
Мушкилоти зӯроварӣ дар оила яке аз масъалаҳои мубрами ҷахонӣ имрўза мебошад. Зӯроварӣ дар оила кирдори паҳншуда ва хавфноке дар муҳити оилавӣ ба шумор меравад, ки ҳуқуқу озодиҳои аъзои дигари оиларо дағалона вайрон намуда, дар баъзе мавридҳо ба барҳамхӯрии оилаҳо ва худкушии ҷабрдидагон оварда мерасонад. Ҳеҷ кас аз ин кирдор истисно набуда, ҷабрдидаи зӯроварӣ дар оила метавонад зан, мард, кӯдак ё аъзои дигари оила бошад. Зӯроварӣ дар оила масъалаи шахсӣ миёни аъзои оила набуда, вайронкунии ҳуқуқи инсон ва табъиз нисбат ба дигар аъзои оила натиҷаи бевоситаи нобаробарӣ миёни марду зан мебошад.


Бино ба иттилои мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Фараҳноз Асламӣ, шурӯъ аз 25 ноябр то 10 декабр дар доираи маъракаи «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунати гендерӣ» тибқи нақшаи шуъба ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии маҳви зӯроварии гендерӣ барномаҳои мухталиф доир мегарданд.
Аз ҷумла, барномаҳои илмиву фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, суҳбату вохӯрӣ, семинару тренингҳои омӯзишӣ, ҳамоиш, конфронси илмӣ ва бозиҳои варзишӣ дар назар дошта шудаанд.
Ин тадбирҳо ҷиҳати коҳиш додани зӯроварӣ дар оила ва пешгирии ҷудошавии оилаҳо амалӣ карда мешаванд.
АКС: МИҲД Исфара








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






