Дар Олимпиадаи 14-уми байналмилалии «Дониш» хонандагони мактабҳои вилояти Суғд соҳиби 50 ҷойи ифтихорӣ шуданд

Ноябрь 9, 2022 10:51

ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Олимпиадаи 14-уми байналмилалии «Дониш», ки дар шаҳри Анталияи Туркия доир шуд, 99 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Хуҷанд, Истаравшан, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Спитамен ва МТД «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд иштирок намуда, ба гирифтани 50 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 15 ҷойи якум, 16 ҷойи дуюм ва 19 ҷойи сеюм ноил гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Аз рӯйи ҷамъбасти фанҳои таълимӣ дастаи вилояти Суғд аз фанҳои физика, химия, биология, география ғолиб дониста шуда, бо 4 адад Ҷоми дараҷаи якум сарфароз гардонида шуд.

Рӯзҳои баргузории олимпиада мусобиқа оид ба футбол миёни хонандагон (мувофиқи синну сол) гузаронида шуд. Дар мусобиқа миёни хонандагони 15-16-сола дастаи вилоят ба гирифтани ҷойи якум сазовор гардида, бо Ҷоми дараҷаи якум мукофотонида шуд.

Ҳамзамон хонандагон дар барномаҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, бо диплом, сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи мазкур аз 31 октябр то 6 ноябри соли равон дар шаҳри Анталияи Туркия аз фанҳои математика, физика, химия, биология, география, забони англисӣ, забони русӣ, таърихи ҷаҳон, ҳифзи муҳити атроф, рассомӣ ва сайёҳӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 1200 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 9, 2022 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд