Дар Шуғнон аз номи Пешвои миллат ба оилаи аз офати табиӣ зарардида калиди хонаи нав супорида шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокини Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон Асанбек Бекназаров, ки сохтмони манзили истиқоматиаш ба анҷом расид, калиди хонаи нав тақдим карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар доданд.
Хонаи бунёдгардида дорои 3 ҳуҷра, ошхона, ҳаммом бо масоҳати умумии 146 16 м2 буда, бо тамоми ҷиҳози рӯзгор ва шароити зиндагӣ таъмин мебошад.
Дар маросими супоридани калиди хона Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода ва Директори генералии ширкати «Помир Энерҷӣ» Амрихон Раҳимов иштирок намуда, дар вазъияти тантанавӣ калиди хонаро ба соҳибаш супориданд.
Ёдовар мешавем, ки 16 марти соли равон дар деҳаи Паҳшори ноҳияи Шуғнон дар натиҷаи бориши барфу борони зиёд ва омадани тарма хонаи истиқоматии шаҳрванд Асанбек Бекназаров пурра хароб шуда буд. Ҷараёни корҳои бунёдкориву ободонӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор гирифта буд.
Манзили нави истиқоматӣ барои оилаи зарардида дар муҳлати кӯтоҳтарин сохта шуд.
Соҳиби хонаи навбунёд аз ин амалҳои башардӯстонаи роҳбарияти олии мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ширкати «Помир Энерҷӣ» изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати дастгирӣ ва расонидани кумакҳои инсондӯстона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд.
АКС: МИҲД н. Шуғнон








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






