Дар Тоҷикистон то соли 2024 аз кӯҳистон ба водиҳо 410 оила кӯчонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 19.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон 135 оила аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон кӯчонида мешаванд, аз ҷумла аз ин теъдод аз шаҳри Бохтар 5 оила, ноҳияҳои Дарвоз 5, Ишкошим 10, Левакант 5, Кӯшониён 15, Восеъ 20, Темурмалик 10, Муъминобод 15, Кўҳистони Мастчоҳ 15 ва Тоҷикобод 5 оиларо ташкил медиҳад. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2021 то соли 2024 410 оила аз ноҳияҳои камзамин ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ кӯчонида мешаванд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат.
Тибқи иттилои манбаъ, 18 ноябри соли равон гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир Шаҳноза Нодирӣ ва сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода аз вазъи муҳоҷирати дохилӣ дар ноҳияҳои Хуросон ва Носири Хусрави вилояти Хатлон дидан карданд.
Гурўҳи кории мазкур бо масъулини мақомоти дахлдор масъалаи сари вақт кўчонидани оилаҳо ба маконҳои зикршуда, рафъӣ камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта суҳбат намуда, доир ба иҷрои қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мубодилаи афкор намуданд.
Бояд гуфт, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2021 «Дар бораи тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2022-2024» дар маҷмуъ 410 оила бояд кӯчонида шаванд.
Дар ин самт аз ҷониби сохторҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои номбурда корҳо идома доранд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии ҶТ










Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






