Дар вилояти Кангвондо Форуми ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Корея баргузор шуд

Ноябрь 9, 2022 11:48

ДУШАНБЕ, 09.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр дар  Донишгоҳи  миллии Кангвони вилояти Кангвондои  Ҷумҳурии Корея Форуми ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид. Дар он ҳайати расмии Тоҷикистон иборат аз намояндагони Вазорати кишоварзӣ, Палатаи савдо ва саноат, Донишгоҳи аграрӣ, вилояти Хатлон ва АМИТ «Ховар» (муовини Директори агентӣ Қаноатулло Сайфуллоев) ширкат варзид.

Форуми мазкур бо ташаббуси намояндагии Палатаи савдо ва саноати  Тоҷикистон дар Корея  ва рӯзномаи вилоятии «Донмин илбо»  гузаронида шуд.

Зикр гардид, ки форум давоми мантиқии ривоҷи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Корея буда, ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, таҷрибаи пешқадам дар соҳаи рушди кишоварзии ватанӣ ва муаррифии имконияти соҳаи аграрии кишвар дар хориҷа нигаронида шудааст.


Дар ҳошияи форум миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ширкати KINTEX, Палатаи савдои вилояти Кангвондои Корея, инчунин миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Кангвон ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расиданд.


Ҳамчунин дар доираи форум вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо губернатори вилояти Кангвондои Корея баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки 25 октябр дар шаҳри Бусан Нишасти 15-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.

Зимни суханронӣ роҳбари ҳайати Тоҷикистон дидгоҳи кишварро роҷеъ ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, таҳкими ҳамкорӣ ва рушди устувор дар ҳошияи ин абзори муассир баён намуд.

Равобити ҳасана бо Ҷумҳурии Корея, инчунин густариш ва таҳкими мушорикат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун василаи муҳими тақвияти равобити бисёрҷониба таъкид карда шуд.


Дар ҳошияи Форуми ҳамкорӣ панҷ ҷаласаи тахассусӣ дар бахшҳои тандурустӣ, ҳамкории рақамӣ, амнияти иқтисодӣ, сайёҳӣ, муҳити зист ва энергетика дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардиданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш оид ба масоили мубрами рӯзномаи нишаст, рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули афкор намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ ва Нақшаи кории Котиботи Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» барои соли 2023 қабул гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 9, 2022 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид