ДАСТГИРИИ ДАВЛАТ. 30 нафар омӯзгорони ноҳияи Кӯшониён соҳиби замини наздиҳавлигӣ мешаванд

Ноябрь 8, 2022 10:53

ДУШАНБЕ, 08.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 30 нафар омӯзгорони фаъоли ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон соҳиби замини наздиҳавлигӣ мегарданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилоят.

Иқдоми мазкур зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва Раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода бо омӯзгорон ва сокинони ноҳия баён гардид.

Заминҳои наздиҳавлигӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёз барои омӯзгорони ҷавон» ҷудо гардидааст.

30 нафар омӯзгороне, ки ба гирифтани замини наздиҳавлигӣ мушарраф мегарданд, ҳатман бояд нишондиҳандаи хуб дошта, фаъолияташон назаррас ва омӯзгори намунавӣ бошанд. Зеро яке аз ҳадафҳои асосии пеш гирифтани ин ташаббус- ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва ба ин восита мусоидат дар беҳтар шудани сифати таҳсил мебошад.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ин ташаббуси раиси ноҳияро қобили дастгирӣ номид.

Тавре дар Вазорати маориф ва илм хабар доданд, тибқи моддаи 53-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф чунин имтиёзҳоро доро мебошанд:

— муҳлати даъвати омӯзгорон ба хизмати ҳарбӣ ба таъхир гузошта шавад;

— ба рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштани музди меҳнат бароянд;

— ҳангоми беморӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доруворӣ ва табобати ройгон таъмин гарданд;

— аз хизматрасонии коммуналӣ ройгон ё имтиёзнок истифода баранд, ки тартиби онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;

— барои дастовардҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас бо мукофоти соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонида шаванд;

— барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои педагогию илмӣ ба ҳавасмандии моддӣ ва маънавӣ сарфароз гардонида шаванд;

— омўзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилиашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд;

— ба омӯзгорони муассисаҳои таьлимӣ, ки бори аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, тибқи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ ё ташкилоти қарздиҳанда қарзҳои бефоиз ё имтиёзноки барои омўзгор қобили қабул муқаррар карда мешаванд;

— барои омўзгороне, ки дар хонаҳои истиқоматии фонди манзили давлатию ҷамъиятӣ зиндагӣ мекунанд, дар сурати доштани собиқаи кории омўзгории на камтар аз 15 сол манзили истиқоматиашон ройгон хусусӣ карда мешавад;

— бо пешниҳоди хулосаи тиббӣ роҳхатҳои ройгону имтиёзноки муассисаҳои табобатию истироҳатӣ, инчунин сайёҳию туристиро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода кунанд;

— омӯзгорони ҷавон дорои имтиёзҳои иловагӣ мебошанд, ки онҳоро тибқи қонунгузорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

— бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз рухсатии дарозкардашудаи пардохтшаванда истифода менамоянд;

— омӯзгороне, ки собиқаи кории бефосилаи на кам аз 25 сол доранд, бо хоҳиши худашон метавонанд ба нафақа бароянд ва дар асоси шартнома дар муасисаи таълимӣ ё дигар соҳа кор кунанд;

— омӯзгороне, ки бемории музмин доранд, баъди на камтар аз ҳар 10 соли кори муттасили омӯзгорӣ ба рухсатии дарозмуддати то яксолаи пардохтшаванда ҳуқуқ доранд. Номгӯи беморӣ, тартиб ва шарти пардохти рухсатии дарозмуддат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;

— барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, барои 3 сол иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

— барои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар муассисаҳои таълимии низомаш махсус фаъолият менамоянд, иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Дар ҳамин модда гуфта мешавад, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ барои истифода бурдани имтиёзҳое, ки барои омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқи баробар доранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Ноябрь 8, 2022 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Душанбе конференсияи илмӣ доир шуд
Дар оянда дар маҳали Донишкадаи инноватсионии Душанбе шаҳраки донишҷӯён сохта мешавад
РУШДИ САНОАТИ ФАРМАТСЕВТИИ ВАТАНӢ. Дар Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз пӯсти меваи анор дору тайёр мекунанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Филиали Донишгоҳи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе соҳиби ду таҷҳизоти лабораторӣ аз фанни физика гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва King’s College London Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе шумораи донишҷӯён меафзояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар назди филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе Шурои диссертатсионии байнидавлатӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои фаъолсозии 12 ихтисоси нав иҷозатнома гирифт
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи омузгорону донишмандони варзида гузошта шуданд
Соли 2025 беш аз 8 миллион нусха китоби дарсӣ чоп гардид
Муттаҳидгардонии имтиҳонҳои хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Ин масъала мавриди омузиш қарор мегирад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон низоми баҳогузории 10-хола чӣ натиҷа дод?