«ДОНИШ ДАР АНТАЛИЯ». Хонандагони Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби 95 ҷойи ифтихорӣ шуданд

Ноябрь 8, 2022 09:42

ДУШАНБЕ, 08.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Олимпиадаи байналмилалии «Дониш дар Анталия» 20 нафар хонандагони шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум гардида, 28 нафар сазовори зинаи дуюм ва 47 нафар мақоми сеюмро соҳиб шуданд. Олимпиадаи мазкур аз 31 октябр то 6 ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Олимпиадаи мазкур миёни синфҳои 2-11 аз фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ, география, физика, химия, биология, таърихи ҷаҳон, муҳити атроф, сайёҳӣ ва шоҳмот баргузор гардид.

Дар олимпиадаи мазкур 1200 нафар иштирокчӣ аз давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва ғайра табодули маҳорат намуданд.

Дар олимпиада 195 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ширкат варзида, 95 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Ғолибону иштирокчиёни олимпиадаи байналмилалиро дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе роҳбарияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва наздикону пайвандонашон истиқбол намуданд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Ноябрь 8, 2022 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид