Душанбе Форуми намояндагони парлумонии давлатҳои аъзои Гурӯҳи Авруосиёро мизбонӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ шаҳри Душанбе аз Форуми намояндагони парлумонии давлатҳои аъзои Гурӯҳи Авруосиё /ГАО/ мизбонӣ менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар Форуми намояндагони парлумонии давлатҳои аъзои ГАО намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, институтҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок менамоянд.
Форуми намояндагони парлумонии давлатҳои аъзои ГАО дар доираи ҷаласаи 37-уми пленарии ГАО оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, ки аз 21 то 25 ноябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, баргузор мешавад.
АКС аз бойгонӣ








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






