Филми «Дов» барои ба даст овардани «Медали Юнеско-Ганди» рақобат мекунад
ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Филми «Дов» барои ба даст овардани «Медали Юнеско – Ганди» дар Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон бо давлатҳои Бангладеш, Булғористон, Ҳиндустон, Эрон, Бразилия ва Канада рақобат мекунад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» коргардони ин филм Муҳиддини Музаффар.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон аз 20 то 28 ноябр дар Гоа- яке аз 29 иёлати Ҳиндустон баргузор мегардад. Фестивали мазкур яке аз калонтарин дар Осиё мебошад, ки дар он 187 филм аз 89 кишвари ҷаҳон намоиш дода мешаванд. Аз ин филмҳо 26-тоаш барои дарёфти ҷоизаи Оскар пешбарӣ хоҳанд шуд.
Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон шурӯъ аз соли 1952 баргузор мегардад. Он аз соли 2004 инҷониб дар шаҳри Панажи- пойтахти Гоа баргузор мешавад. Макони баргузории филмҳо маркази фарҳангии Кала Академия мебошад. Барномаи Фестивали байналмилалии филмҳои Ҳиндустон дар ҳафт толори кинотеатри пойтахти Гоа баргузор мешавад.

Ҳунарманди кино Абдумумин Шарифӣ, ки дар филми мазкур нақши Қаҳҳорро иҷро намудааст, дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки филм дар киностудияи «Суғдсинамо» дар ҳаҷми 1 соату 50 дақиқа ба навор гирифта шудааст.
«Муҳтавои филм дар бораи ду рафиқе қисса мекунад, ки барои таъмини зиндагӣ тарки касб карда, роҳи дигари даромадро ҷӯё мешаванд. Инчунин қаҳрамонони филм барои расидан ба орзуҳо ва наҷоти фарзанд аз беморӣ аз ҳам ҷудо мешаванд…»,- гуфт Абдумумин Шарифӣ.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






