ГАРДИШИ МОЛ 40% ЗИЁД ШУД. Имрӯз Душанбе мизбони ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ гардид
ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни ҷаласа аз робитаҳои мутақобилан судманди дуҷониба натиҷагирӣ ва барои равнақ додани робитаҳо ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.
Кори ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар ҳайати маҳдуд оғоз гардида, сипас дар ҳайатҳои васеъ идома намуд.
Ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук доир гашт.

Ҷонибҳо зимни натиҷагирӣ аз робитаҳои дуҷониба равнақи ҳамкориро ба сиёсати созандаи Сарони ҳарду давлати ба ҳам дӯст — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин марбут донистанд.
Давоми 9 моҳи соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 гардиши мол байни Тоҷикистону Россия 40 фоиз зиёд шудааст. Санадҳои ҳуқуқии имзошуда ва нақшаҳои мушаххаси ҷонибҳо гардиши тиҷоратро байни ду давлат бозҳам таҳким хоҳанд бахшид.
Зимни мулоқоти ҳайатҳо қабл аз ҳама таваҷҷуҳ ба роҳандозии ҳарчи бештари имкониятҳои истифоданашуда дар самти тиҷорату иқтисод зоҳир гардид. Энергетика, саноат, гумрук, кишоварзӣ, геология, авиатсия ва маориф дар меҳвари мулоқоти ҷонибҳо қарор гирифтанд. Барои бунёди корхонаҳои муштарак дар самти нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва канданиҳои фоиданок ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.
Фазои муносибатҳои дӯстона байни ду давлат ва шарикии стратегӣ имкониятро барои таҳкими робитаҳо таъмин намудааст.
Таъкид шуд, ки ба имзо расонидани барномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Россия дар самти тиҷорату иқтисод барои солҳои минбаъда рушди робитаҳоро таъмин мекунад.

Ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар фазои дӯстона доир гашта, дар ҳамин доира барои равнақи робитаҳо дар самту соҳаҳои гуногун байни ду давлат заминагузорӣ карда шуд.
Дар охир аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук қарорҳои дахлдор ба имзо расонида шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






