ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ. Федератсияи дзюдои Тоҷикистон расман созишнома ба имзо расонид

Ноябрь 23, 2022 09:16

ДУШАНБЕ, 23.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш дар шаҳри Абузабӣ президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер бо раиси вақти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов созишнома оид ба баргузории Гран-при оид дзюдо барои солҳои 2023-26 ба имзо расониданд, хабар доданд имрӯз ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо дар ин бора хабар дода, навиштааст, ки ташкили чунин мусобиқаи байналмилалӣ уҳдадорӣ ва ҷиддият талаб мекунад ва Тоҷикистон инро нишон додан мехоҳад.

Мариус Визер гуфтааст: «Ин чорабинӣ имконияти бебаҳо барои таблиғи кишвар ва минтақае хоҳад буд, ки дзюдоро дӯст медорад ва варзишгарони сатҳи баландро қадр мекунад. Ба ин маъно, Гран-при як имкони муҳими бехатар барои шинохтани худ аст».

Нурулло Лоиқов ин ҳодисаро вижа хонд, зеро «мо ин лаҳзаро солҳо боз интизор будем. Дюздо варзиши рақами як дар кишвари мост ва мо мехоҳем беҳтарин ситораҳоро ба он ҷо биёрем. Мо як варзиши аҷдодӣ дорем бо номи гӯштингирӣ, ки ба дзюдо шабоҳати зиёд дорад. Мо мардуми варзишдӯстем ва дзюдо ҳаваси мост”.

Нурулло Лоиқов аз фурсат истифода бурда, барои дастгирии беандоза ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ изҳори сипос намуд: «Бе дастгирии он кас мо имрӯз дар ин ҷо намебудем. Сармоягузорӣ муҳим аст ва аксари хароҷотро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бар дӯш мегирад”.

Дар мавриди пуштибонӣ ҳарф зада, вақти он расидааст, ки аз Исмоили Маҳмадзоир, шахсе, ки ватанашро дӯст медорад ва дар рушди варзиш саҳм дорад ва 19 ноябр ба вазифаи президенти нави Федератсияи дзюдои Тоҷикистон интихоб шуд, ёдовар шавем.


Дар тӯли чанд соли охир Исмоили Маҳмадзоир роҳи беҳтарини худро нишон дода, варзишгарони тоҷикро дастгирӣ ва сарпарастӣ намуда, инфрасохтори варзиширо рушд дод ва ба яке аз чеҳраҳои маъруфи ин соҳа дар Тоҷикистон табдил ёфт. Ӯ на танҳо сарпарасти чорабиниҳост, балки ба бунёди иншооти варзишӣ дар кишвар мусоидат мекунад. Клуби муосири дзюдои Ҳоҷӣ Шариф намунаи бузурги ин аст. Дзюдочиён аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон барои тамрин ба ин маҳфил меоянд ва волидон бо хушнудӣ фарзандони худро меоранд, зеро он иншооти баландсифат ва муҷаҳҳаз дар шаҳри Душанбе мебошад. Варзишгарони клуб аллакай натиҷаҳои хуб ба даст оварда, дар ҳар мусобиқа соҳиби медал мешаванд.

Замони баргузории Гран прии Душанбе ҳанӯз маълум нест. Тоҷикистон моҳи октябрро пешниҳод кардааст, аммо Федератсияи байналмилалии дзюдо ҳоло онро тасдиқ накардааст. Он чизе ки мо медонем, ин аст, ки нашри аввали Гран прии Душанбе соли 2023 ва ҳамин тавр то соли 2026 баргузор хоҳад шуд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2022 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад