ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИСТ. Дар Тоҷикистон 124 нафар фарзандони мансабдорон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб гардиданд
ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷалб намудани фарзандони шахсони мансабдор рӯз то рӯз зиёд мешавад. Тибқи маълумоти комиссияҳои даъватӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ, ба ҳолати 30 октябр аз оилаҳои мансабдорон ва дигар кормандону хизматчиёни давлатӣ 124 нафар даъват ва ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар даъвати тирамоҳии соли 2021 аз оилаҳои мансабдорон ва дигар кормандону хизматчиёни давлатӣ 299 нафар ва дар даъвати баҳории имсол 120 нафарро ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардаанд, ки 19 нафарашон фарзандони кормандони прокуратура мебошанд. Миёни 124 нафари ба хизмати ҳарбӣ ҷалбшуда фарзандони раисони шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Тоҷикобод, Рашт, Бохтар, сардори шуъбаи муҳосибот ва молияи Прокуратураи генералӣ, прокуророни ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Муъминобод ва прокурори ҳарбии гарнизони шаҳри Кӯлоб ҳастанд.

Бояд зикр намуд, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрвандон аст. Дар айни замон уҳдадории ҳарбии шаҳрвандон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» амалӣ шуда истода, пурранамоии сафи Қувваҳои мусаллаҳ бо даъватшавандагони ҷисман солим, соҳибмаълумот ва соҳибкасб таъмин гаштааст. Қонуни зикршуда ва фармонҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҳамаи шаҳрвандони синни даъватиро уҳдадор менамояд, ки дар навбати аввал қарзи худ- хизмат ба Модар-Ватанро адо намоянд.
Дар ин замина шумораи шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ менамоянд, сол то сол кам шуда, сафи шаҳрвандоне, ки хоҳиши ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтан доранд, зиёд мегардад. Ҷавонон дар асоси даъватнома ихтиёран ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир шуда, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд
АКС аз манбаъҳои боз








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






