«ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛӢ ВА ЭҲЁИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Китобхонаи миллии Точикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Ноябрь 9, 2022 17:57

ДУШАНБЕ, 09.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Муассисаи давлатии рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Конференсияи ҷумҳуриявӣ ва маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ» баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар конференсия Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон, иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ Ато Ҳамдам, иштирокчии дигари ин иҷлосия, собиқ муовини Раиси вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) Карамулло Одилов иштирок ва маърӯза карданд.


Дар Конференсия нахуст китоби тозанашр таҳти унвони «Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ» рӯнамоӣ гардид.

«Дар китобе, ки ҳамакнун дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ» ва сиюмин солгарди Иҷлосияи мазкур чоп гардид, бардоштҳои зиёде аз иштирокдорони он ва паҳлӯҳои зиёди ногуфтаи ин рӯйдод ба қалам кашида шудаанд. Ғайр аз мақолаҳое, ки таърихи начандон дури моро бозгӯӣ мекунанду хизмату иқдомҳои падаронаву пешвоёнаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳамон давраи хеле ҳассос барои ҷавонон муаррифӣ менамоянд, ҳамчунин ин асар фарогири бахшҳоест, ки бе муболиға қимати адабии онро боло мебаранд», — гуфт Абдулло Раҳмонзода зимни муаррифии китоб.

Ӯ изҳор дошт, ки китоби мазкур асари бунёдӣ барои ҳам муҳаққиқони ҷавон ва ҳам он нафаронест, ки ба таърихи гузаштаи худ арҷ мегузоранд.

Дар ин маврид сармуҳаррири рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Шодихони Назар чунин иброз дошт: «Китоб маводеро фарогир аст, ки ба унвони Озмуни ҷумҳуриявии «Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ» давоми сол ба идораи рӯзнома ворид шуда, ба табъ расиданд. Китоб ба ҷуз ин, он адабиёте, ки дар бораи хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраҳои фаъолияташон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ дар ин маҷмӯа гирдоварӣ шудаанд, аз нигоҳи адабиву публитсистӣ дақиқан бозгўи қиммати баланд доштани маҷмуа аст”.

Дилрабо Мансурӣ изҳор намуд, ки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаҳои бузурге мавҷуданд, ки ба устувории сиёсӣ ва таҳкими давлатдорӣ таъсири бузургу беназир расондаанд. Яке аз ин гуна санаҳои таърихӣ- ин баргузории Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба баргузории он 30 сол пур шуд. Онро метавон ҳамчун рӯйдоди воқеан таърихӣ номид, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид.

«Пас аз интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шўрои Олӣ он кас изҳор доштанд, ки «ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам! То даме, ки охирин гурезаро аз хоки Афғонистон ба Ватан барнагардонам, осуда буда наметавонам. Қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, баҳри шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам». Сарвари тоҷикони ҷаҳон тавонистанд, ки ба хотири якпорчагии Ватан ва бақои миллат мардуми паси ду сангари муқобил қарордоштаро ба ҳам биёранд», -илова кард номбурда.

Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода гуфт, ки «Сарвари тозаинтихоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд бо суханони самимӣ рӯҳияи шикаста ва аз ҷанг хасташудаи ҷомеаро баланд бардоранд. Ин амал барои бо муваффақият татбиқ шудани мақсадҳои дигар заминаи мусоиди равониро муҳайё намуд, зеро неруи ҳар ҷомеа ва миллат дар рӯҳияи шикастнопазир доштани он мебошад. Маҳз рӯҳияи қавӣ минбаъд омили муҳими музаффарият дар ҷомеаи Тоҷикистон гашт, ки дар ин кор саҳми Пешвои миллат беандоза калон аст».

Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам хотироти хешро аз баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ варақгардонӣ намуда, аз ҷумла гуфт, ки “баъди анҷоми Иҷлосия бо рӯзномаи “Садои мардум” атрофи ҳамин рўйдоди таърихӣ суҳбат оростам ва он ҷо зикр кардам, ки ба назари ман ба арсаи сиёсат омадани ҷавонмарде бо номи Эмомалӣ Раҳмон дар он айёми вазнину душвор барои халқи тоҷик туҳфаи Илоҳӣ аст. Гузашти 30 сол, оромию осудагии кишвар собит сохт, ки халқи тоҷик сарнавишти хешро ба дасти содиқтарин фарзандаш бовар кардааст».

Карамулло Одилов гуфт, ки «ҳар фарди баору номуси мамлакатро зарур аст, ки ба қадри сулҳу ваҳдати имрўза расида, аз ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта хулосаҳои зарурӣ бароварда, бобати тақвияти корҳои ободонию рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии Ватани хеш фаъолона ширкат намояд. Дар ин сурат мо метавонем ба ҳадафи олии давлату Ҳукумат- таъмини зиндагии шоистаи ҳар сокини мамлакат ноил гардем».

Дар фарҷоми ҳамоиш ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли Озмуни ҷумҳуриявии «Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ» бо «Сипоснома», «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ шуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 9, 2022 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Камбоҷа аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва нақши он дар таъмини ҳамзистии сиёсӣ-иҷтимоӣ ёдовар шуданд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар конфронси байналмилалӣ дар Туркманистон иштирок намуданд
Оид ба иҷрои Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ муҳокимаи парлумонӣ доир шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Стив Дейнс мулоқот намуд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд
Дар Маҷлиси намояндагон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Русия шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафтанд