«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 21 ноябр маросими ифтитоҳи даври ҷумҳуриявии озмун доир мегардад

Ноябрь 17, 2022 16:06

ДУШАНБЕ, 17.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ифтитоҳи даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Пас аз маросими ифтитоҳ иштирокчиён мустақиман ба маконҳои баргузории озмун – толорҳо ва озмоишгоҳҳои пажӯҳишгоҳҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи номинаҳо фиристода мешаванд.

Дар охири рӯзи якуми озмун иштирокчиён бо олимони академия вохӯрда, бо онхо суҳбат карда метавонанд.

Тибқи барномаи озмун, 22 ноябр вохӯрии  иштирокчиён бо адибон дар назар дошта шуда, 23 ноябр аз Осорхонаи таърихию бостоншиносӣ дидан мекунанд.

Озмун аз рӯи 7 номина: «Математика», «Физика ва астрономия», «Кимиё», «Биология», «Ҷуғрофия», «Технологияи иттилоотӣ» ва «Ихтироот ва навоварӣ» баргузор мешавад.

Дар даври ҷумҳуриявӣ иштироки 450 нафар ғолибони даври 3-юм дар назар аст. Барои озмун 2 миллиону 345 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм- фурӯғи маърифат» 25 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» доир мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: Институти физикаю техникаи ба номи С.Умаров

Ноябрь 17, 2022 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»