Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоии идона доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба шарафи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ ва роҳпаймоӣ доир гардид. Ҷамъомади мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир гардида, дар он намояндагони Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, муассисаҳои олии мамлакат, варзишгарон – ғолибони мусобиқоти ҷумҳуриявию байналмилалӣ, гирандагони стипендияи президентӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода ҳозиринро аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, иброз дошт, ки сокинони пойтахт ҳамеша зери сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат барои ободии шаҳр заҳмат кашида, дар рушди минбаъдаи он талош хоҳанд кард.
Зикр шуд, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 24 ноябр сурат мегирад, барои мардуми кишвар беназир ва арзишманд дониста мешавад. Ҳамасола сокинони Душанбешаҳр ин рӯзи босаодатро бо дастовардҳои тозаву муваффақияти пайдарпай истиқбол мегиранд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода иброз дошт, ки Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман таҷлил карда мешавад. Парчам дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ- Конститутсия, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рукнҳо ва рамзҳои давлатдорӣ мебошад, ки аз ҳастии миллат ва давлати воҳид шаҳодат медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки соли 2011 бо ташаббусу роҳнамоиҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон дар он замон, ки баландии сутунаш 165 метр мебошад, барафрохта шуда, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид.
Дар ҳамоиш аз ҷониби ҷавонон бо мақсади арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ аксия баргузор гардида, ба меҳмонону иштирокдорон парчам тақсим карда шуд.
Инчунин баҳри баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи бошукӯҳи консертии тарранумгари истиқлолият, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ баргузор карда шуд.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»



















Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид






