Ҳиндустон қоидаҳои нави вуруди шаҳрвандони хориҷиро ҷорӣ намуд

Ноябрь 28, 2022 09:04

ДУШАНБЕ, 28.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҳиндустон аз рӯзи ҷумъа қоидаҳои нав барои хориҷиёне, ки ба ин кишвар меоянд, эътибор пайдо карданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора Вазорати тандурустии Ҳиндустон хабар додааст.

Мувофиқи дастури мақомот, пеш аз ворид шудан ба Ҳиндустон, «ҳамаи сайёҳон бояд дар сомонаи www.newdelhiairport.in варақаро пур кунанд. Онҳо инчунин бояд санҷиши манфии дастгоҳи занҷираи полимеразӣ барои коронавирусро ба сомонаи расмии фурудгоҳи Деҳлии Нав ворид кунанд, ки он на дертар аз 72 соат пеш аз ворид шудан ба Ҳиндустон гирифта шуда бошад. Вазорати тандурустӣ ҳушдор додааст, ки барои пешниҳоди маълумоти бардурӯғ «ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд».

Инчунин мусофирон бояд пеш аз савор шудан ба ҳавопаймо дар кишвари интиқолдиҳанда ҳарорати худро чен кунанд. Агар ҳангоми ворид шудан ба Ҳиндустон сайёҳ нишонаҳои ин бемориро нишон диҳад, вай барои ҷудонигоҳдорӣ ба муассисаи тиббӣ фиристода мешавад. Агар пас аз санҷиши тестии коронавирус дар ӯ мавҷудияти вирус тасдиқ шавад, пас ҳамаи шахсони бо ӯ тамосдошта ба карантин гирифта мешаванд. Дар қоидаҳои нави вуруд ба Ҳиндустон махсусан зикр шудааст, ки санҷиши COVID-19 барои кӯдакони то панҷсола талаб карда намешавад.

Вазорати корҳои дохилии Ҳиндустон аз 15 октябр додани раводиди сайёҳӣ ба хориҷиёнеро, ки бо парвозҳои чартерӣ ба ин кишвар меоянд, оғоз намуд. Аз моҳи марти соли 2020 Ҳиндустон аз сабаби пандемияи COVID-19 барои сайёҳон баста шуда буд.

АКС: unsplash

Ноябрь 28, 2022 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид