Ҳизби «Ликуд»-и Бенямин Нетаняҳу дар интихоботи Исроил пирӯз мешавад – назарсанҷии пешакӣ

Ноябрь 2, 2022 13:51

ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳизби «Ликуд», ки ба он сарвазири собиқи Исроил, роҳбари мухолифин Бенямин Нетаняҳу раҳбарӣ мекунад, аз рӯи натиҷаҳои интихоботи пеш аз муҳлат, ки рӯзи сешанбе дар Кнессет (парлумони Исроил, тавзеҳи идора) баргузор шуд, мақоми аввалро ишғол мекунад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора имрӯз агентии Euronews.com хабар додааст.

Чунин маълумот аз рӯи натиҷаҳои назарсанҷии пешакии телевизиони давлатии «Кан» оварда шудааст. Тибқи ин маълумот, ҳизби Бенямин Нетаняҳу дар парлумони дорои 120 ҷой 30 ваколатро соҳиб шудааст.

Иттиҳоди Бенямин Нетаняҳу бо роҳбарии ҳизби «Ликуд» метавонад эътилофи ҳукуматии иборат аз 62 вакил таъсис диҳад ва сарвазири собиқ, ки аз соли 1996 то 1999 ва аз 2009 то 2021 дар ин мақом буд, метавонад дубора девони вазирони Исроилро роҳбарӣ кунад.

Ҳизби сарвазири кунунӣ Яир Лапид «Еш атид», тибқи маълумоти пешакӣ, бо 22 ваколат дар ҷои дуюм аст.

Пештар хабар расида буд, ки 1 ноябр дар Исроил интихоботи парлумонӣ оғоз шуд. Дар саросари кишвар беш аз 12 000 ҳавзаи интихоботӣ кушода шудаанд, ки ба беш аз 6,7 миллион нафар интихобкунандагони исроилии дорои ҳуқуқи овоздиҳӣ имкон медиҳанд дар интихоботи Кнессет, даъвати XXV раъй диҳанд.

АКС: Reuters

Ноябрь 2, 2022 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид