Мақомоти Чин аз пиронсолон даъват менамояд, ки бар зидди COVID-19 ваксина бигиранд

Ноябрь 30, 2022 13:35

ДУШАНБЕ, 30.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Чин нақшаи фаъолгардонии корро оид ба эмгузаронии пиронсолон дар кишвар бо мақсади ҳифзи ин аҳолии осебпазир аз бемории сироятии COVID-19 нашр кард. Дар ин бора агентии «Синхуа» хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Нақшаи корӣ, ки рӯзи сешанбе аз ҷониби механизми муштараки Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти пешгирӣ ва назорати COVID-19 нашр шуд, ба он равона шудааст, ки бо дарназардошти таъсири муҳофизатии ваксина ба коҳиши хатари ҷараёни шадид ва ниҳоят вазнини беморӣ, инчунин хатари марг миёни пиронсолони мубтало ба коронавирус мусоидат намояд.

«Бояд кӯшишҳоро ба баланд бардоштани сатҳи эмкунӣ миёни пиронсолони 80-сола ва аз он боло равона карда, ба суръат бахшидани эмкунӣ миёни одамони 60-79-сола бояд идома дода шавад», — гуфта шудааст дар ҳуҷҷат.

Тибқи ин санад, корҳои эмгузаронӣ бояд таҳти роҳбарии ҳукумат ва дар асоси ҳамоҳангии байниидоравӣ сурат бигиранд.

Дар нақша нигоҳдорӣ ва таъмини равиши ҳадафнок ва дақиқ ба таҳқиқот ва идоракунӣ дар ин самт, инчунин мусоидат ба беҳсозии минбаъдаи хадамот ва пурзӯр кардани назорати кори эмгузаронӣ миёни аҳолии куҳансоли кишвар дар назар дошта шудааст.

Тибқи иттилои Кумитаи давлатии тандурустии Ҷумҳурии Мардумии Чин, шабонарӯзи гузашта дар қитъаи Чин беш аз 37,8 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудааст.

АКС: reuters.com

Ноябрь 30, 2022 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд