Маҳсулоти Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 8-уми байналмилалии Селангор-2022 дар Малайзия муаррифӣ карда шуд

Ноябрь 2, 2022 08:31

ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия дар Саммити 6-уми байналмилалии тиҷоратии Селангор 2022 ширкат намуда, маҳсулоти Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи 8-уми байналмилалии Селангор 2022 таҳти унвони «Баъд аз фардо» муаррифӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинӣ маводи ғизоӣ ва нӯшокиҳои табиии истеҳсолкунандагони ватанӣ, аз қабили «Сиёма», «Оби Файзобод», «Амирӣ», «Витаминҳои Тоҷикистон», «Тути Помир» ва ғайра ба намоиш гузошта шуданд. Имсол дар намоишгоҳ намояндагони ширкатҳои «Амирӣ», «Оби Файзобод» ва дигар соҳибкорони тоҷик ширкат варзида, бо харидорони дохиливу хориҷии Малайзия мулоқот анҷом доданд.

Намоишгоҳи 8-уми байналмилалии Селангор (F&B) 2022 намоишгоҳи маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокӣ мебошад, ки ҳамасола саноати ғизоро танаввуъ бахшида, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ширкатҳо ва истеҳсолкунандагон барномаи глобалӣ эҷод мекунад.

Акс: ВКХ ҶТ

Ноябрь 2, 2022 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид