Милитсияи Душанбе беш аз 18 ҳазор адад маводи тарфгарӣ мусодира намуд
ДУШАНБЕ, 28.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи пешбурди якчанд чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино ду нафар барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дастгир карда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дастгиршудагон шаҳрвандон Касиров Муҳаммад Неъматович, санаи таваллудаш 1 июни соли 2002, истиқоматкунандаи маҳаллаи Обчакорони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Наботов Меҳроб Суҳробович, санаи таваллудаш 9 июли соли 2001, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебошанд.
Баъди дастгир гардидан аз онҳо дар маҷмӯъ 18 150 дона маводи тарфгарии навъи «Трения» дарёфту мусодира карда шуд.
Дар айни замон нисбат ба онҳо тибқи талаботи моддаи 199, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиш ҷараён дорад.
Тибқи талаботи моддаи 1991- — муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ), ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба миқдори начандон калон ё давоми сол пас аз таъйини ҷазои маъмурӣ барои содир намудани чунин кирдорҳо — бо ҷарима ба андозаи аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад. Барои ҳамин кирдорҳо, агар ба миқдори калон содир шуда бошанд, бо ҷарима ба андозаи аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар айни замон як нишондиҳандаи ҳисоб ба 64 сомонӣ баробар аст.
Дар эзоҳи ҳамин модда омадааст, ки таҳти мафҳуми ба миқдори начандон калон аз бист то сад адад маводи тарфгарии (пиротехникии) барои оташфаввораҳо истифодашаванда, аз панҷоҳ то дусад адад бозичаҳои оташбозӣ, ба монанди капсулаҳо барои туфангчаҳои бозича (дар лентаҳо, варақҳо, роликҳо ё ҳалқаҳои гирди пластикӣ печонидашуда), ба миқдори калон зиёда аз сад адад маводи тарфгарии (пиротехникии) барои оташфаввораҳо, зиёда аз дусад адад бозичаҳои оташбозӣ, ба монанди капсулаҳо барои туфангчаҳои бозича (дар лентаҳо, варақҳо, роликҳо ё ҳалқаҳои гирди пластикӣ печонидашуда) фаҳмида мешавад.
Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки бо вуҷуди мамнӯъ будани хариду фурӯши маводи тарфгарӣ бо фаро расидани соли нави мелодӣ садои гӯшхароши онҳо аксаран шунида мешавад. Эҳтимол аст, ки бархе соҳибкорон манфиатҳои шахсии худро аз талаботи қонун болотар медонанд. Аз ин рӯ, ин гуна молҳоро ғайриқонунӣ ворид ва дар мамлакат паҳн мекунанд.
АКС: РВКД дар шаҳри Душанбе








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






