Минбаъд барои шикор ё қасдан нобуд кардани бабри барфӣ аз се то панҷ сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шудааст

Ноябрь 3, 2022 16:16

ДУШАНБЕ, 03.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иловаи нав  воридшуда ба   Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон — моддаи 2321  барои шикор ё қасдан нобуд кардани бабри барфӣ — бо ҷарима ба андозаи аз 800 то 1200  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. Ҳамин кирдор, агар аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ, аз тарафи  гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир гардида бошад, дар ҳудуди мамнӯъгоҳ, парваришгоҳ ё дар минтақаи офати экологӣ ё минтақаи вазъияти фавқулодаи экологӣ содир шуда бошад -бо ҷарима ба андозаи аз 1500 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар ин хусус зимни баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки 12 октябри соли равон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Дар иҷлосияи мазкур муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Талбакзода гуфт, ки «тибқи дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2021 дар бораи пурзӯр кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои шикори ғайриқонунӣ ва муомилоти ғайриқонунии бабри барфӣ, аз ҷониби Прокуратураи генералӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид».


Дилшод Талбакзода иброз дошт, ки  масъалаи пешгирии шикори ғайриқонунии ҳайвоноти нодир, аз ҷумла бабри барфӣ ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор гирифта, маълум карда шуд, ки дар қонунгузории ҷиноятӣ вобаста ба ин ­масъала ҳарчанд ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардида бошад ҳам, ҷазои пешбинишуда  баҳри пешгирии он ва ба ҷавобгарии сазовор кашидани гунаҳкорон мусоидат намекунад.

«Кодекси ҷиноятӣ барои чунин кирдор ҷазоро дар намуди ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол муқаррар намудааст. Дар сурати идома ёфтани шикор ё нобуд кардани захираҳои бабри барфӣ, ин ҳолат бешубҳа, боиси зуд ва хеле кам шудани саршумори он дар муҳити табиӣ гардида, минбаъд рафти барқароркунии онҳо душвор ва боиси аз байн рафтани ин навъи ҳайвонот мегардад, ки дар маҷмӯъ ба низоми мавҷудаи экологӣ зарари ислоҳнашаванда мерасонад. Аз ин рӯ, мувофиқи мақсад шуморида шуд, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав ворид карда шавад»,- пешниҳод кард ў ба вакилон.

Мавсуф ҳамчунин изҳор намуд, ки ворид намудани чунин меъёр ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои пешгирии нобудшавӣ ва аз байн нарафтани ин ҷонвари нодир, ки ба рӯйхати сурхи Иттифоқи байналмилалии ҳифзи табиат ва замимаи 1 Конвенсия «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» дохил гардидааст, мусоидат намояд.

Гуфта шуд, ки мақсад аз ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пурзӯр кардани ҷавобгарӣ барои шикори ғайриқонунии бабри барфӣ, ки ба «Китоби Сурх»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст ва таҳти хатари нестшавӣ қарор дорад, мебошад.

Таъкид гардид, ки шикори ин ҳайвони нодир дар Тоҷикистон ҳанӯз 50 сол пеш манъ шудааст. Пӯсти ин ҷонвар пурқимат буда, шикори бабри барфӣ маҳз ба ҳамин вобастагӣ дорад. Аз диди мутахассисони мақомоти ҳифзи табиати ҷумҳурӣ, аз рӯи натиҷаи ҳисоботи дусола дар айни ҳол дар ҳудуди Помири шарқӣ 37 ҷуфт бабри барфӣ (Ирбис) зиндагӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

 Рухсораи НУР,
АМИТ
«Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 3, 2022 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд