Миёни Вазорати адлияи Тоҷикистон ва намояндагии «Фонди Авруосиё Инк.»-и ИМА Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Ноябрь 8, 2022 11:37

ДУШАНБЕ, 08.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида миёни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии «Фонди Авруосиё Инк.»-и ИМА дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки онро Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва Директори намояндагии Фонд Фируз Сатторов ба имзо расониданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, асоси Ёддошти тафоҳумро ҳамкории тарафайн дар соҳаи рушди муносибатҳои шарикии дутарафа баҳри татбиқи кӯшишҳои муштараки ҳамоҳангшуда, ки ба инкишофи ҳамкории дарозмуддати конструктивӣ дар соҳаи рушди ҷомеа ва устуворгардонии иқтидори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунанд, ташкил медиҳад.

Дар баробари ин таъкид гардид, ки яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур — ин ифтитоҳи якҷояи раванди навсозӣ ва муносибгардонии заминаи техникии мутамаркази системаи иттилоотии ҳуқуқии «Адлия» ва таъмини минбаъдаи дастрасии ройгон ва озод ба он барои тамоми иттиҳодияҳои ҷамъиятии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ташаббуси муштараки мазкур ба ташаккули шароити мусоид барои фаъолияти пурсамари иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини дастрасии саривақтии онҳо ба иттилооти ҳуқуқии мубрам, аз ҷумла тавассути замимаи мобилӣ мусоидат мекунад.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 8, 2022 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон