Музаффар Ашуриён ва Раймундас Кароблис ҳамроҳшавии Тоҷикистонро ба Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ намуданд

Ноябрь 29, 2022 15:00

ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+) дар мулоқоти Вазири адлия Музаффар Ашуриён бо Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаи баргузории ҷаласаи 13-уми Муколамаи ҳуқуқи инсон миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Музаффар Ашуриён оид ба омодагии ҷумҳурӣ ҷиҳати баррасии масъалаҳои мазкур дар вохӯриҳои дар пеш истода маълумот дода, омодагии вазоратро роҷеъ ба рушди ҳамкории судманди дуҷониба изҳор намуд.

Раймундас Кароблис ба омодагии Тоҷикистон ба ҷаласаи дар пешистода баҳои баланд дода, вохӯрии мазкурро такони ҷиддӣ ҷиҳати рушди ҳамкории минбаъда номид.

АКС: Вазорати адлияи ҶТ

Ноябрь 29, 2022 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид