«НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДИ ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК». Дар Душанбе китоби нав муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии фаъолияти сиёсиву давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик» баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар китоби мазкур ҳудуди 42 мақолаи илмиву таҳлилии муаллифони дохиливу берунӣ оид ба саҳми мондагори Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ, густариши сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон, таҳқими пояҳои давлатдории навин, дастовардҳо дар самти сиёсати хориҷӣ ва дигар самтҳо ҷой гирифтаанд.
Директори Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода изҳор намуд, ки китоб ба фаъолияти пурсамар ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст.
«Оғози фаъолияти ин сиёсатмадори ҷаҳонӣ ҳамчун Сардори давлат аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардида, он таърихи пурғановати мардуми сарбаланди кишварро, ки бунёдкориву созандагӣ асоси зиндагии онҳост, инъикос менамояд»,-иброз намуд ӯ.
Дар китоби мазкур мақолаҳои донишмандони маъруфи ватаниву хориҷӣ нашр гардидаанд, ки ифодагари корнамоиҳои беназири Пешвои муаззами миллат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии мардуми Тоҷикистон мебошанд.
Зикр гардид, ки озодагӣ, ростӣ ва мардумсолорӣ дар сиришти мо, тоҷикон аст. Корнамоии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон, ки миллати тоҷик унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро ба ин сиёсатмадори беназири таърихи дерини миллати тоҷик эҳдо намуд, намунаи равшани бархӯрдории миллати тоҷик аз ҳунари волои давлатдорӣ ва фарҳанги сиёсии ниёгонамон мебошад.
На танҳо миллати ҳақшиноси тоҷик, инчунин бисёре аз сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори тавоно ва давлатмарди хирадманд мешиносанд ва эҳтром мекунанд. Онҳо изҳор медоранд, ки шахсияти фавқулода ва фарзанди содиқи халқ дар ҳассостарини давра, замоне, ки истиқлолияти Тоҷикистон зери таҳдиду хатар қарор дошт, чархи фармони сафинаи кишварро ба даст гирифта, тавонистанд, ки наҷотдиҳандаи воқеии миллат гарданд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






