НАТО хароҷоти умумии мудофиавиро ба андозаи 350 миллиард доллар зиёд мекунад

Ноябрь 22, 2022 09:58

ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар/. Кишварҳои Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ хароҷоти умумии дифоии худро нисбат ба соли 2014 350 миллиард доллар зиёд намуданд. Дар ин бора котиби генералии НАТО Йенс Столтенберг дар нишасти ассамблеяи Парлумонии ин иттиҳод дар Мадрид изҳор дошт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Ба гуфтаи Столтенберг, имсоли соли ҳаштум аст, ки НАТО хароҷоти мудофиавии худро зиёд мекунад. «Маблағи иловагие, ки мо аз соли 2014 барои дифоъ харҷ мекунем, то охири сол ба 350 миллиард доллар мерасад»,-зикр намуд сиёсатмадор.

Дар ҳамин замина Столтенбург изҳор кард, ки кишварҳои НАТО мебояд дар оянда низ хароҷотро барои дифоъ зиёд намоянд. Ӯ иброз дошт, ки барои мудофиа ҷудо кардани 2 фоизи ММД-ро аъзои иттиҳод бояд ҳамчун ҳадди миёна ҳисоб кунанд, на баландтарин. Тибқи ҳисобҳои НАТО, соли гузашта буҷаи умумии дифои 30 давлати иттиҳод 1,05 триллион долларро ташкил додааст.

АКС: unsplash.com

Ноябрь 22, 2022 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид