ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон бориши борон ва барф ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 07.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳида ҷумҳурӣ бориши борон ва барф ба амал меояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо баъзан борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меод. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 даарҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан борон борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+ 5 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8+10 дараҷа гарм ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.
АКС аз бойгонӣ








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






