ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Дар Тоҷикистон бориши пуршиддати борон пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 03.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4-5 ноябр дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои доманакӯҳи вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвози ВМКБ бориши пуршиддати борон пешгӯӣ мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Инчунин 3-5 ноябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳи вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Дарвози ВМКБ сар задани зуҳуроти селӣ дар назар аст.
3-4 ноябр бо сабаби бориши пуршиддат дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда якбора баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво дар доманакӯҳ, шикор ва моҳидорӣ, инчунин аз рафтан ба кӯҳҳо худдорӣ намоянд.
Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бояд бошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд






