Ғолибони бозиҳои 31-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои 31-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расиданд. Дар ин бозиҳои ҷолиб дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе медалҳои тилло, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб медалҳои нуқра ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд медалҳои биринҷиро сазовор шуданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бозии даври 23-юм дар гурӯҳи «А» миёни дастаҳои КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланд баргузор шуда, бо ҳисоби калони 5:1 ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе хотима ёфт.
Дар бозии дигари давр дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.
Ба ин тартиб, дар ҷадвали мусобиқа дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 48 хол ҷойи аввалро касб кард, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо 35 хол дар ҷойи дуюм, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 34 хол дар зинаи сеюм ҷойгир шуданд. Мавриди зикр аст, ки дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ҳам 34 хол гирифт, аммо бо дарназардошти таносуби тӯбҳо мақоми чорумро касб карда, аз медал бенасиб монд.
Хотиррасон мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки дар мавсими имсола ҳам дар Ҷоми Тоҷикистон ва ҳам дар Чемпионати Тоҷикистон ғолиб шуд, дар мавсими оянда дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) бозӣ хоҳад кард. Дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Ҷоми AFC-2023 намояндагӣ мекунанд.
Ду дастаи вилояти Суғд — «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод, ки аз рӯи натиҷагирии Чемпионати Тоҷикистон-2022 ҷойҳои охирро гирифтанд, мавқеашонро дар Лигаи олӣ нигоҳ дошта натавонистанд ва соли оянда дар Лигаи якум бозӣ хоҳанд кард. Ба ҷои онҳо ду дастаи беҳтарини Лигаи якум – «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ба Лигаи олӣ роҳхат гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе маротибаи ёздаҳум дар таърихи худ медалҳои тиллои Чемпионати Тоҷикистонро ба даст овард. Қаблан серҷоизатарин клуби футболи кишвар дар солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020 ва 2021 чемпиони Тоҷикистон шуда буд.
Акс: ФФТ








Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд
Варзишгарони навраси Ёвон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ГӮШТИН-2026. Загреб мизбони сабқатҳои тарзи озод ва юнонӣ-римӣ мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Познани Полша баргузор мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба тенниси рӯйи миз дар Лондон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои анҷоми машқҳои дастҷамъӣ ба Дубай рафт
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» омодагӣ мебинад
Дар шаҳри Саняи Чин Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд
Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардид
Ҷудочиёни тоҷик аз Чемпионати Осиё–2026 бо 5 медал ба Ватан баргаштанд






