ҲОМИЁНИ НАЗМУ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ. Дар Бадахшон Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 08.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 10 ноябр дар саросари Тоҷикистон Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил мешавад. Бахшида ба ин сана бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ Шариф Назарзода иброз дошт, ки имсол Рӯзи милитсияи тоҷик ба ҷашнҳои муҳими сиёсӣ барои халқи тоҷик- Рӯзи Президент ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Милитсияи тоҷик аз нахустин рӯзҳои таъсис роҳи душворро тай намуда, аз санҷишҳои таърихӣ гузашт ва аз уҳдаи иҷрои он вазифаҳое, ки дар ҳар давру замон ба дӯши ин ниҳоди давлатӣ гузошта шуда буд, сарбаландона баромад. Таърих гувоҳ аст, ки кормандони милитсияи тоҷик дар ҳама муборизаҳо, алалхусус дар раванди барпо намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини истиқрори сулҳу таҳкими Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот зикр кард, ки «бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллату давлат саҳифаи навину дурахшон оғоз гардид, ки дар он солномаи мардонагиву далерӣ, шарафу номуси ватандорӣ, ҷонбозиву корнамоиҳо ва садоқат ба касбу савганди кормандони милитсия сабт гардидааст».
Дар интиҳои ҳамоиши тантанавӣ як зумра кормандони фаъоли мақомоти қудратии милитсия барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Медали шоён», Сипоснома ва Ифтихорномаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 10 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи милитсия таҷлил карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии худ дар ҷашни Рўзи милитсия фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро ҳамчун намунаи ибрат барои дигар сохторҳо арзёбӣ намуда, дар муроҷиат ба кормандони ин сохтор чунин изҳор дошта буданд: «Ман аз ҳар кадоми шумо миннатдорам, ки бо дарки масъулияти баланд, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву садоқат вазифаву уҳдадориҳои худро дар назди давлат ва халқи худ адо менамоед. Зеро милитсия ҳомии назму тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизатгари боэътимоди халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад. Милитсия посдори суботу оромӣ ва кафили осудагиву хотирҷамъии мардум мебошад».
АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»








Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед






