ПАРЧАМ- РАМЗИ ИТТИҲОД ВА ҲАМБАСТАГӢ. Дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Парчам-рамзи давлатдорӣ, иттиҳод ва ҳамбастагӣ»- таҳти чунин унвон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.
Дар конфронс намояндагони Маркази тадқиқоти стратегӣ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ ва кормандони Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд. Директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» Зафаршо Иброҳимзода баён дошт, ки «парчам ва парчамдорӣ дар фарҳанги давлатдории тоҷикон таърихи хеле қадим ва рангин дошта, ифодагари сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва бақои давлату миллати тоҷик мебошад».
Дар конфронс муаррихон ва коршиносон дар мавзӯъҳои «Таърихи парчам–таърихи миллат», «Дирафш: Аз зуҳури он то муқаддасоти миллӣ», «Тасвири дирафш дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ», «Оини парчамдории ниёгон», «Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ», «Парчам дар осори бостоншиносӣ», «Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳамчун муҳимтарин рамзи давлатдорӣ» маърӯза намуданд.
Зикр шуд, ки даврони навини давлатдории миллати тоҷик дар таърихи парчамдорӣ ва сарнавишти миллат оғози марҳилаи нав ба ҳисоб рафта, барои шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувор фароҳам овард.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






