ПАРЧАМИ МИЛЛӢ. Ранги сабзи он нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад

Ноябрь 21, 2022 18:18

ДУШАНБЕ, 21.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақил ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид. Дар маросими ботантанаи узвият ба СММ ҳангоми бардоштани парчами давлатӣ Тоҷикистон парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бардошта шуд, чунки ҳанӯз парчами нав қабул нагардида буд. Қабул нашудани парчами нав сабабҳои худро дошт. Сабаби асосии он авҷи нооромиҳои солҳои 90-уми асри гузашта буд, ки ба таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатӣ монеа эҷод мекард. Танҳо 24 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб зимни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул карда шуданд. Дар ин бора омӯзгори кафедраи таърих ва диншиносии факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Розиқ ХУДОБЕРДИЕВ андешаҳояшро ба АМИТ «Ховар» иброз намуд.

— Дар ин вазъият ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур омад, ки бояд рукнҳои муқаддаси худ — Парчам, Нишон ва Суруди миллиашро қабул кунад.

Мувофиқи он «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад».

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудаанд.

Рахи боло -ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад.

Дар рӯйи рахи сафед аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тасдиқ шуда, дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтаанд. Рангҳои парчам ва тасвирҳои дар он нақшгардида рамзҳои махсусро ифода мекунанд.

23 ноябри соли 2010 Сарвари давлат зимни ироаи паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, чунин иброз доштанд: «Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».

Дар конференсияи илмӣ — амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 29 октябри соли 2009 доир гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки 24 ноябр рӯзи Парчами миллӣ эълон ва ҳамасола ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта шавад.

Дар ҷаҳони муосир Парчами миллӣ- ин нишонаи истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 21, 2022 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон