Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Алваро Ларио мулоқот карданд
ДУШАНБЕ, 07.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Алваро Ларио мулоқот карданд.
Дар рафти мулоқот масоили рушду густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҳкими робитаҳо бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати идомаи босамари ҳамкорӣ таъкид намуданд.
Дар мулоқот ҷалби Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар инкишофи инфрасохтори соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии бахшҳои кишоварзӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолии деҳот муҳим арзёбӣ гардид.
Барномаи имкониятҳои стратегии кишварии Хазина, ки ба дастгирии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати амалисозии Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор ва таҳкими устувории муҳити зист равона шудааст, зарур шумурда шуд.
Таъкид гардид, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои он ба соҳаи кишоварзӣ таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузории Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба манфиати кор хоҳад буд.
Дар рафти суҳбат ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.









Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд






