Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Павилиони Тоҷикистон дар ҳошияи Конференсияи 27-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок карданд

Ноябрь 7, 2022 14:40

ДУШАНБЕ, 07.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар маросими ифтитоҳи Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конференсияи 27-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (СОР 27) иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар маросими ифтитоҳи Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин Директори иҷроияи Фонди иқлими сабз Яник Глемарик, Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Алваро Ларио, Котиби генералии Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ Петтери Таалас ва намояндагони дигар созмонҳою кишварҳо иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Павилиони Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи меҳмононро хайрамақдам гуфтанд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули таърихи ба тасвиб расидани Конвенсия иштирокчии фаъоли ин санади муҳими байналмилалӣ буд. Кишвари мо ҷиҳати иҷрои муқаррароти он ва қарорҳои ҷаласаҳои давраии тарафҳои Конвенсия пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки дар як муддати нисбатан кутоҳ мо тавонистем дар Тоҷикистон чанде аз санадҳои стратегиро дар ин самт таҳия карда, уҳдадориҳои худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷро намоем. Қабули Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли дуҳазору си (2030), ҳамзамон Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда, Гузориши чоруми миллӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва Гузориши дусола оид ба газҳои гулхонаӣ аз ин шаҳодат медиҳад.

Мусаллам аст, ки тағйирёбии иқлим ба равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологии кишварҳо дар манотиқи гуногуни олам таъсири бевосита дорад. Обшавии босуръати пиряхҳо, ки яке аз манбаъҳои асосии оби тоза мебошанд, дар баробари зиёдшавии истеъмоли об бар асари афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ, метавонад боиси оқибатҳои бағоят манфӣ гардад. Возеҳ аст, ки ин масъалаи доғ бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан пешвоёни сиёсӣ қарор дошта бошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдомҳои Тоҷикистон дар самти пешгирии обшавии пиряхҳо ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар ин замина мо пешниҳод намудем, ки соли ду ҳазору биступанҷум (2025) Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи мушаххасе ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба самъи ҳозирин расонданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки қабули ин иқдомот ва дигар ташаббусҳои ба онҳо монанд, ҷиҳати дар сатҳи глобалӣ андешидани чораҳои дастаҷамъона ва татбиқи амалҳо ба хотири ҳифзи пиряхҳо такони тоза хоҳад бахшид.

Кишвари мо ба таҳияи Нақшаи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим вобаста ба самтҳои афзалиятнок ва иҷрои Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим оғоз намудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмтомалӣ Раҳмон бо итминон иброз намуданд, ки созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, донорҳо ва давлатҳои пешрафта дар масъалаҳои оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ ва пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо минбаъд низ бо мо ҳамкории самарабахшро идома хоҳанд дод.

Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронс аз 7 то 18 ноябр дар шаҳри Шарм-уш-Шейх бо мақсади муаррифӣ ва пешниҳоди ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба осебпазирии баланди ҷумҳурӣ ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим, афзудани бештари сармоягузорӣ барои мутобиқ гардонидани соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар ба тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ташкил гардидааст.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлимро соли 1998 ва Созишномаи Парижро соли 2017 тасдиқ кардааст.

Тибқи муқаррароти қаблугардида, конференсияи тарафҳои конвенсияи мазкур дар як сол як маротиба бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳайати васеи намояндагони кишварҳои аъзо, роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ, минтақавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар тарафҳои ҳавасманд баргузор мегардад.

Инчунин, дар ҳошияи конференсия бо мақсади муаррифӣ намудани сиёсати пешгирифтаи давлатҳои аъзо дар самти иҷрои уҳдадориҳо дар назди конвенсия баргузории чорабиниҳои канорӣ, ҳамоишҳо ва вохӯриҳо, павилионҳо ташкил карда мешаванд.

Иштирок дар ифтитоҳи Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конференсияи 27-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР 27) 07.11.2022

Ноябрь 7, 2022 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сино бинои тарабхонаи «Баҳор — Фарел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сино ҶДММ «Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодии ҶДММ «Ғаюр Гуруҳ»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии ҶДММ «Нонпаз»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Кир Родни Стармер барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Шоми дӯстӣ ба истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин
Бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин маросими ифтитоҳи биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Чин ва нишасти матбуотӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин — ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонда шуданд