Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Қубодиён бинои Раёсати Агентии иҷтимоӣ ва нафақаро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 01.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати Агентии иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистонро дар ноҳияи Қубодиён ба истифода доданд.
Бинои мазкур дар деҳоти ба номи Носири Хусрав, дар масоҳати 0,12 садяк замин аз тарафи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Бино аз 2 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои якуму дуюм китобхона, бойгонӣ, ҳуҷраи кории мутахассиси бахши баҳисобгирии инфиродӣ, кор бо соҳибкорони инфиродӣ, равзанаи ягона, 6 ҳуҷраи корӣ ва толори маҷлис ҷойгир мебошанд.
Ҳуҷраҳои кории Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар ноҳия пурра бо таҷҳизоти корӣ, аз ҷумла мизу курсӣ, техникаи компютерӣ, чопӣ ва дигар лавозимот таъмин карда шудаанд.
Аснои шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити муҳайёгардида дар бинои мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, масъулинро барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияту хизматрасонӣ ҳидоят намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон






