Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиёнро ба истифода доданд

Ноябрь 1, 2022 10:07

ДУШАНБЕ, 01.11.2022. /АМИТ «Ховар/. 1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиёнро ба истифода доданд.

Иншооти иҷтимоӣ дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоя барои 480 ҷойи нишаст сохта шудааст.

Дар синфхонаҳои фанни физика, кимиё, биология ва компютерӣ хонандагон метавонанд фанҳои дақиқро дар шароити муосир аз худ намоянд.

Дар доираи солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” фароҳам шудани чунин шароит метавонад ҷиҳати баланд шудани савияи дониши хонандагон дар илмҳои дақиқ ва минбаъд равнақ ёфтани нақши илм дар истеҳсолот мусоидат намояд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли наврасро бо истифода аз шароити фароҳамшуда барои омӯзиши ҳарчӣ бештари илмҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.

Хобгоҳи муассиса бо шароити зарурӣ барои 100 кат бо нуқтаҳои санитарӣ сохта шудааст. Ҳуҷраҳои хоб барои истиқомат ва дарстайёркунии хонандагон бо лавозимоти зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд.

Дар доираи сиёсати иҷтимоӣ дастгирии ятимону бепарасторон зери таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат қарор дорад ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таҳсилу истиқомати онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ҳуҷраи тиббии муассиса дорои таҷҳизоти нав барои расонидани кумаки аввалини тиббӣ мебошад.

Дар китобхонаи мактаб-интернат имконияти мусоид барои мутолиаи адабиёти дарсӣ, илмӣ ва соҳавӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳоло дар муассиса 30 нафар кӯдаки ятим ва дигар наврасон ба таълиму тарбия ва зиндагӣ фаро гирифта шудаанд.

Дар саҳни иншоот барои гузаронидани машқҳои омодагии дифои ҳарбӣ ва баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии хонандагон тибқи талабот майдони замонавӣ сохта шудааст.

Бунёду ба истифода додани чунин иншооти хуштарҳу замонавӣ фараҳмандии таълимгирандагонро ба омӯзиши илмҳои муосир ва дар оянда хизмат намудан ба нафъи давлату миллат афзун намудааст.

Ба истифода додани бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён 01.11.2022

Ноябрь 1, 2022 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд