ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН БОРА ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Салиби Сурх аз шиддат гирифтани мушкилоти гуманитарӣ дар даҳҳо кишвар дар соли 2023 хабар дод

Ноябрь 30, 2022 13:20

ДУШАНБЕ, 30.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли оянда дар даҳҳо давлатҳои дунё мушкилоти гуманитарӣ шиддат мегиранд. Дар ин бора дар изҳороти Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) гуфта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти ин созмон.

Ба гуфтаи КБСС, ба кумакҳои гуманитарӣ дар навбати аввал кишварҳое, аз қабили Афғонистон, Сомалӣ, Сурия, Эфиопия, Ҷумҳурии Демократии Конго, Ҳаити, Яман ва ғайра ниёз хоҳанд дошт.

Дар робита ба ин, КБСС даъват мекунад, ки кори ин созмон маблағгузорӣ ва барои лоиҳаҳои гуманитарӣ 2,94 миллиард доллар ҷудо карда шавад.

Дар изҳороти КБСС ҳамчунин гуфта шудааст, ки соли оянда кишварҳо бо чолишҳое, чун тағйирёбии иқлим, болоравии қимати ғизо ва қимати неруи барқ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Ҳамчунин дар якчанд минтақаҳо ҷангҳои мусаллаҳона давом мекунанд. “Ҳамаи ин соли 2023-ро ба соли эҳтиёҷоти бузурги гуманитарӣ табдил медиҳанд”,- зикр менамояд КБСС.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар дода буд, қаблан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳушдор дода буданд, ки солҳои 2022-2023 “барои башарият аз ҳама ҷиҳат, аз ҷумла дар масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ соли душвортарин ва вазнинтарин” хоҳанд буд. Сарвари Тоҷикистон дар ин бора 1 апрели соли равон зимни суханронии табрикии худ ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон изҳори назар намуданд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат аз ҳамватанон даъват намуданд, ки бинобар таъсири ҷиддии авзои ҷаҳон ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ барои на кам аз ду сол маводи ғизоӣ захира кунанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28 июл дар ҷаласаи навбатии ҳукумати кишвар бори дигар ба ин мавзӯъ пардохта, дар назди Ҳукумат вазифа гузоштанд, ки амнияти озуқавории кишварро ҳифз намуда, инчунин барои бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ҳар ваҷаб заминро оқилона истифода баранд. Ба фикри Сарвари давлат, ин имкон медиҳад, ки соле се-чор ҳосил гирифта, аз ҳисоби кишти такрорӣ майдони кишт зиёд карда шавад.

Зарур аст, ки таъмини бефосилаи бозори дохилӣ фароҳам гардида, содироти меваю сабзавот ва сохтмони корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шавад, инчунин барои захираи маводи ғизоӣ дар ҳар оила барои мавсими тирамоҳу зимистон имконият фароҳам оварда шавад, — илова намуданд Сарвари давлат.

Акс: ICRC

Ноябрь 30, 2022 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд