Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи дӯзандагии «Маҳина»-ро дар шаҳри Гулистон мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон Коргоҳи дӯзандагии “Маҳина” — ро мавриди истифода қарор доданд.
Коргоҳи 2-ошёна аз ҷониби соҳибкорзани ватанӣ Ҷаннатой Абдалиева дар доираи тадбирҳои созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Коргоҳи дӯзандагӣ дорои 30 дастгоҳи замонавӣ буда, коргарон бо истифода аз онҳо либоси ягонаи мактабӣ, корӣ, ҳарбӣ, номгӯи гуногуни либосҳои мардона ва занона медӯзанд.
Коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази ҳунармандии “Маҳина” бо дарназардошти ба шуғл фаро гирифтани занону духтарони хонанишин дар муддати як сол бунёд ёфтааст ва дар он ҳамарӯза 50 ҷуфт сару либоси гуногун дӯхта мешаванд.
Дар коргоҳ 30 нафар занону духтарони маҳаллӣ, ки аз курси омӯзишии дӯзандагӣ гузаштаанд, ба кор ҷалб гардидаанд.
Ба андешаи соҳибкорзан, онҳо қаблан ба таври иҷора фаъолият менамуданд ва дӯхти сару либоси гуногунро дар хонаҳо ва коргоҳҳои хурд иҷро мекарданд. Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи наву замонавӣ, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, барояшон имконияти хуби фаъолият фароҳам гардид.
Занону духтарон бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Ҷаннатой Абдалиева чандин сол аст, ки ба дӯхти либосҳои гуногун машғуланд ва нозукиҳои онро аз худ кардаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти истеҳсолии коргоҳ дар баробари таъмини фармоиш ҳамчунин ба дигар бозорҳои кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе интиқол дода мешавад.
Дар ошёнаи дуюми иншоот марказҳои ҳунаромӯзӣ, аз қабили дӯзандагӣ, чеварӣ, пойафзолдӯзӣ, пухтупаз ва дигар касбҳои серталаб дар бозори меҳнат ба роҳ монда шудаанд.
Ҳамаи синфхонаҳои дарсии маркази ҳунаромӯзӣ бо шароити хуб таъмин мебошанд.
Марказ ҳамзамон имкон дорад, ки ҷавонони бе шуғлро ба курсҳои аз 3 то 6-моҳа ҷалб намояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ ба соҳибкорзани ватандӯст ҷиҳати таъсиси чунин коргоҳ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ ва бо сифати хуб ба роҳ мондани истеҳсоли сару либоси гуногуни ватанӣ баҳои арзанда доданд.









Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия






