Путин оид ба хизмати шахсони дорои шаҳрвандии хориҷӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Россия фармон ба имзо расонд

Ноябрь 15, 2022 11:28

ДУШАНБЕ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Россия Владимир Путин фармонеро имзо намуд, ки хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россияро ба шахсони дорои шаҳрвандии хориҷӣ иҷозат медиҳад. Дар ин бора ТАСС хабар додааст.

Аз фармоне, ки 14 ноябр нашр шуд, бармеояд, ки шаҳрвандони Россия, ки шаҳрвандии хориҷӣ ё иҷозатномаи иқомат дар хориҷа низ доранд, метавонанд ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Россия даъват шаванд.

Тибқи таҳрири нави фармон, гузаштан аз хизмати ҳарбӣ тибқи даъват метавонад аз ҷониби аскарон, матросҳо, сержантҳо, страшинаҳо, ки шаҳрвандони ФР мебошанд, аз ҷумла шахсоне, ки шаҳрвандии (тобеияти) давлати хориҷӣ доранд, иҷозаи иқомат ё ҳуҷҷати дигаре, ки ҳуқуқи истиқомати доимии шаҳрвандро дар қаламрави давлати хориҷӣ тасдиқ мекунад,    анҷом дода шавад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Акс: ТАСС

Ноябрь 15, 2022 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Хоби солим сеяки хатари аломати баъдиковидиро коҳиш медиҳад
Шумораи ҳалокшудагон бар асари бархӯрди қатораҳо дар Ҳиндустон ба 288 нафар расид
Имрӯз дар Туркия даври дуюми интихоботи президентӣ баргузор мешавад
СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд
Намояндагони СҲШ ҳамкорӣ дар соҳаи рушди рақамиро баррасӣ карданд
Туркия дар остонаи даври дуюми интихобот қарор дорад
Соли 2023 шумораи сафарҳои сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон аз 10 миллиард зиёд хоҳад шуд
COVID-19. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз анҷом ёфтани пандемияи коронавирус хабар дод
Аджай Банга президенти Бонки ҷаҳонӣ интихоб гардид
Дар Узбекистон раъйдиҳии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия баргузор шуд
Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ҳукуматдорони афғонро барои манъи кори занон дар ин ниҳод маҳкум кард
Шумораи фавт аз COVID-19 95 фоиз коҳиш ёфтааст