Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов хона ва ба Муллораҷаб Халифаев 100 000 сомонӣ тақдим намуданд

Ноябрь 7, 2022 11:20

ДУШАНБЕ, 07.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе Рустами  Эмомалӣ ба Темур Раҳимов хона ва ба Муллораҷаб Халифаев 100 000 сомонӣ туҳфа намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

«Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов — узви   дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастпарвари Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин» барои гирифтани ҷои якум ва ба даст овардани медали тилло дар мусобиқаи «Baku Grand Slam 2022» хонаи 2 ҳуҷрагӣ дар пойтахт бо тамоми шароити рӯзгор ва ба Муллораҷаб Халифаев — дастпарвари «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин»-и шаҳри Душанбе барои сазовор гардидан ба ҷои дуюм ва гирифтани медали нуқраи ҳамин мусобиқа 100 000 сомонӣ тақдим карда шуд», — омадааст дар иттилоия.

Ёдовар мешавем, ки 4-6 ноябри соли равон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи «Baku Grand Slam 2022» оид ба гуштини дзюдо баргузор гардид, ки дар он варзишгарони зиёда аз 60 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

Дар ин мусобиқаи бонуфузи сатҳи олӣ, варзишгарони тоҷик Темур Раҳимов медали тилло ва Муллораҷаб Халифаев медали нуқраро соҳиб гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки бо ташаббус ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам  Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии дзюдо соли оянда баргузории мусобиқаи «Grand Prix Dushanbe, 2023-2026» дар пойтахти мамлакат ба нақша гирифта шудааст.

Рӯзҳои наздик гуфтушунид ва тасвиби шартнома ҷиҳати баргузории мусобиқа дар назар дошта шудааст. Аллакай корҳо барои  баргузории ин мусобиқаи ҷаҳонии дзюдо  оғоз шудаанд.

Дзюдо яке аз намудҳои дӯстдоштании варзиш миёни мардуми тоҷик ба шумор рафта, ҳоло дар қаламрави кишвар дар марҳилаи нави инкишоф қарор дорад.

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 7, 2022 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад