«BAKU GRAND SLAM 2022». Варзишгари тоҷик Муллораҷаб Халифаев барандаи медали нуқра шуд

Ноябрь 5, 2022 08:50

ДУШАНБЕ, 05.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Муллораҷаб Халифаев дар рӯзи якуми мусобиқаи «Baku Grand Slam 2022» оид ба дзюдо дар вазни то 66 кг барандаи медали нуқра гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар роҳи расидан ба ин медал Муллораҷаб Халифаев бар варзишгарони Мексика, Венесуэла, Узбекистон, Сербия ва Муғулистон пирӯз шуд.

Дар даври финалӣ Муллораҷаб Халифаев бо намояндаи Молдова –Денис Виеру қувваозмоӣ кард. Дар ҷараёни рақобат ҳар ду варзишгар фаъол буданд ва ба ҳамдигар иҷозаи ба осонӣ соҳиб шудани имтиёзро намедоданд. Ҳамин тавр, тақдири ин рақобатро шидо ҳал кард. Ҷудокори кишвари мо дар раванди рақобат 3 шидо гирифт ва соҳиби нишони нуқра шуд. Нишони тиллоӣ вазни то 66 кг насиби Денис Виеру аз Молдова гардид.

Ғолибони вазни то 66 кг

1. Денис Виеру (Молдова)

2. Муллораҷаб Халифаев (Тоҷикистон)

3. Давид Гарсиа (Испания)

3. Орхан Сафаров (Озарбойҷон)

АКС: Федератсияи байналмилалии дзюдо

Ноябрь 5, 2022 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд