Сафири ФР Сергей Григорйев Тоҷикистонро барои Россия наздиктарин кишвар дар ҷаҳон унвон кард

Ноябрь 22, 2022 10:22

ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар/. Дар ҷаҳон аз Тоҷикистон дида, кишвари ба Россия наздиктар пайдо кардан душвор аст. Дар ин бора Сафири Россия дар Тоҷикистон Сергей Григорйев зимни мусоҳиба бо ТАСС оид ба ҳамкории ду давлат изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«<…> Мо аъзои як иттиҳоди ҳарбию сиёсӣ ба ҳисоб меравем, бинобар ин мо дар соҳаи ҳарбию сиёсӣ иттифоқчӣ ҳастем, ки ин ҳам барои муносибатҳои мо бисёр чизҳоро муайян менамояд. Фикр мекунам, дар ҷаҳон аз Тоҷикистон дида, кишвари ба Россия наздиктар пайдо кардан душвор аст», — гуфт ӯ.

Дар робита ба рушди Тоҷикистон Сафири Россия тазаккур дод, ки дар ин 20 сол ҷумҳурӣ қадами калон ба пеш гузошт.

«Ин ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёт дахл дорад», — маънидод кард Сергей Григорйев.

Номбурда ҳамчунин тоҷикистониёнро бо Рӯзи Президент, ки чанд рӯз қабл дар Тоҷикистон таҷлил гардид, шодбош гуфта, зикр кард, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ аҳамияти таърихӣ дорад.

«Он чӣ ки 30 сол пеш дар Хуҷанд (Иҷлосияи Шӯрои Олии ҷумҳуриро дар назар дорам) рух дод, пеш аз ҳама, барои худи Тоҷикистон ва ҳам барои Россия аҳамияти таърихӣ дошт. Зеро барои Россия чизи асосӣ Тоҷикистони устувору рушдёбанда аст ва он замон ин поя гузошта шуд», — иброз дошт ӯ.

Ба андешаи Сафири Россия, соҳаҳое мавҷуданд, ки ҳарду давлат метавонистанд дар онҳо фаъолонатар ҳамкорӣ намоянд.

«Чанде пеш дар доираи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ роҳбарони ҳайатҳо ба хулосае омаданд, ки дар ҳамкории сармоягузорӣ, ки асоси ҳама гуна ҳамёрии иқтисодӣ маҳсуб мешавад, захираҳои зиёди истифоданашуда мавҷуданд. Аз ин рӯ, ба таври фаврӣ миёни вазоратҳои саноатии ду кишвар гурӯҳи корӣ таъсис дода мешавад, ки пешниҳоди Душанберо дар бораи иштироки бештари Москва дар рушди иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард. Фикр мекунам, барои мо тамоми имконот вуҷуд дорад, ки дар як-ду соли оянда дар ҳамкории сармоягузорӣ пешрафти ҷиддӣ ба даст орем, зеро ояндаи муносибатҳои мо дар ҳамгироии бештар ва ҳамкорист», — илова намуд Сергей Григорйев.

Дар робита ба соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ӯ гуфт, ки ҳоло дар Россия дӯстдорони саёҳати экстремалӣ зиёданд ва ин, пеш аз ҳама, кӯҳҳо ва дарёҳо мебошанд. Ҳамаи ин дар Тоҷикистон мавҷуд аст.

Чунин меҳисобам, ки дар инҷо барои саёҳати экстремалӣ имконоти олӣ вуҷуд доранд, ҷойҳое ҳастанд, ки тамаддун ба онҳо таъсири зиёд накардааст, гармобшиносӣ ва чашмаҳои гарм мавҷуданд.

«Танҳо барои таблиғ як миқдор маблағ сарф намудан зарур аст, зеро дар Москва зиндагӣ карда, ҳеҷ гоҳ тарғиби имконияти сайёҳӣ дар Тоҷикистонро надидаам», — иброз дошт Сафири Россия.

Ба назари ӯ, барои ин аз намоишгоҳҳо, форумҳо, майдонҳои гуногуни байналмилалӣ истифода бурдан зарур аст.

Ёдовар мешавем, ки 21 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор сафирони нави кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия Семён Григорйев эътимоднома қабул карданд.

АКС: ТАСС/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 22, 2022 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрҳои Душанбе ва Боку дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Бангкок иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми маблағгузории соҳаи рушд дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Дар Москва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд